Дарахт ғунча бароварду булбулон мастанд

226

Дарахт ғунча бароварду булбулон мастанд,
Ҷаҳон ҷавон шуду ёрон ба айш биншастанд.

Ҳарифи маҷлиси мо худ ҳамеша дил мебурд,
Алалхусус, ки пирояе бар ӯ бастанд.

Касон, ки дар рамазон чанг мешикастандӣ,
Насими гул бишуниданду тавба бишкастанд.

Бисоти сабза лагадкӯб шуд ба пои нишот,
Зи баски орифу омӣ ба рақс барҷастанд.

Ду дӯст қадр шиносанд аҳди суҳбатро,
Ки муддате бибуриданду боз пайвастанд.

Бадар намеравад аз хонагаҳ1 яке ҳушёр,
Ки пеши шаҳна2 бигӯяд, ки сӯфиён мастанд.

Яке дарахти гул андар фазои хонаи мост,
Ки сарвҳои чаман пеши қоматаш пастанд.

Агар ҷаҳон ҳама душман шавад, ба давлати дӯст,
Хабар надорам аз эшон, ки дар ҷаҳон ҳастанд.

Мисоли рокиби дарёст ҳоли куштаи ишқ,
Ба тарки бор бигуфтанду хештан растанд.

Ба сарв гуфт касе: Мевае намеорӣ?
Ҷавоб дод, ки озодагон тиҳидастанд.

Ба роҳи ақл бирафтанд, Саъдиё, бисёр,
Ки раҳ ба олами девонагон надонистанд.


1 Хонақоҳ.
2 Посбони шаҳр.


?>