Даст дар ҳалқаи он зулфи дуто натвон кард

136

Даст дар ҳалқаи он зулфи дуто натвон кард,
Такя бар аҳди туву боди сабо натвон кард.

Он чӣ саъйест, ман андар талабат бинмоям,
Ин қадар ҳаст, ки тағйири қазо натвон кард.

Домани дӯст ба сад хуни дил афтод ба даст,
Ба фусӯсе, ки кунад, хасм раҳо натвон кард.

Оразашро ба масал моҳи фалак натвон гуфт,
Нисбати дӯст ба ҳар бесарупо натвон кард.

Сарвболои ман он гаҳ, ки дарояд ба самоъ,
Чӣ маҳал ҷомаи ҷонро, ки қабо натвон кард.

Назари пок тавонад рухи ҷонон дидан,
Ки дар ойина назар ҷуз ба сафо натвон кард.

Мушкили ишқ на дар ҳавсалаи дониши мост,
Ҳалли ин нукта бад-ин фикри хато натвон кард.

Ғайратам кушт, ки маҳбуби ҷаҳонӣ, лекин
Рӯзу шаб арбада бо халқи Худо натвон кард.

Ман чӣ гӯям, ки туро нозукии табъи латиф
То ба ҳаддест, ки оҳиста дуо натвон кард.

Ба ҷуз абрӯи ту меҳроби дили Ҳофиз нест,
Тоати ғайри ту дар мазҳаби мо натвон кард.