Дилам хаёли туро раҳнамой медонад

220

Дилам хаёли туро раҳнамой медонад,
Ҷуз ин тариқ надонам, Худой медонад.

Зи дарди рӯбаҳи ишқат чу шер менолам,
Агарчи ҳамчу сагам ҳарзалой1 медонад.

Зи фурқати ту намедонам эч2 лаззати умр,
Ба чашмҳои каши дилрабой медонад.

Басе бигашту ғамат дар дилам мақом гирифт,
Куҷо равад, ки ҳам он ҷой ҷой медонад.

Ба ҳоли Саъдии бечора қаҳқаҳа чӣ занӣ,
Ки чора дар ғами ту ҳой-ҳой медонад?


1 Ҳарзагӯ.
2 Ҳеч.


?>