Дилбаро, пеши вуҷудат ҳама хубон адаманд

246

Дилбаро, пеши вуҷудат ҳама хубон адаманд1,
Сарварон бар дари савдои ту хоки қадаманд.

Шаҳре андар ҳавасат сӯхта дар оташи ишқ,
Халқе андар талабат ғарқаи дарёи ғаманд.

Хуни соҳибназарон рехтӣ, эй Каъбаи ҳусн,
Қатли инон кӣ раво дошт, ки сайди Ҳараманд?

Санам андар балади куфр парастанду салиб,
Зулфу рӯи ту дар ислом салибу санаманд.

Гоҳ-гоҳе бигузар дар сафи дилсӯхтагон,
То саноет бигӯянду дуое бидаманд.

Ҳар хам аз ҷаъди2 парешони ту зиндони дил аст,
То нагӯӣ, ки асирони каманди ту каманд.

Ҳарфҳои хати мавзуни ту пиромани рӯй
Гӯӣ, аз мушки сияҳ бар гули сурӣ3 рақаманд.

Дар чаман сарв ситода-сту санавбар хомӯш,
Ки агар қомати зебо нанамоӣ, бичаманд.

З-ин амирони малоҳат, ки ту бинӣ бари кас,
Ба шикоят натавон рафт, ки хасму ҳакаманд.

Бандагонро на гузир аст зи ҳукмат, на гурез,
Чӣ кунанд, ар бикушӣ в-ар бинавозӣ, хадаманд.

Ҷаври душман чӣ кунад, гар накашад толиби дӯст?
Ганҷу мору гулу хору ғаму шодӣ ба ҳаманд.

Ғами дил бо ту нагӯям, ки ту дар роҳати нафс
Нашиносӣ, ки ҷигарсӯхтагон дар аламанд.

Ту, сабукбори қавиҳол, куҷо дарёбӣ,
Ки заъифони ғамат боркашони ситаманд?!

Саъдиё, ошиқи содиқ зи бало нагрезад,
Сустаҳдони иродат зи маломат бираманд.


1 Нобуданд.
2 Зулфу гесӯи парешон.
3 Гули сурх.


?>