Дил баргирифтӣ аз барам, эй дӯст, даст гир

307

Дил баргирифтӣ аз барам, эй дӯст, даст гир,
К-аз даст меравад сарам, эй дӯст, даст гир.

Шарт аст дастгирии дармондагону бас,
Ҳар рӯз нотавонтарам, эй дӯст, даст гир.

Поёб4 нест баҳри ғаматрову ман ғариқ,
Хоҳам, ки сар бароварам, эй дӯст, даст гир.

Сар мениҳам, ки пой барорам зи доми ишқ,
В-ин кай шавад муяссарам? Эй дӯст, даст гир.

Дил ҷон ҳамесупораду фарёд мекунад,
К-охир ба кори ту-дарам, эй дӯст, даст гир.

Розӣ шудам ба як назар акнун, ки васл нест,
Охир бад-ин муҳаққарам, эй дӯст, даст гир.

Аз домани ту даст надорам, ки даст нест
Бар дастгири дигарам, эй дӯст, даст гир.

Саъдӣ на борҳо ба ту бардошт дасти аҷз?
Як бораш аз сари карам, эй дӯст, даст гир.


1 Гузаргоҳи об, обанбор.