Дӯст дорам, ки бипӯшӣ рухи ҳамчун қамарат

35

Дӯст дорам, ки бипӯшӣ рухи ҳамчун қамарат,
То чу хуршед набинанд ба ҳар бому дарат.

Ҷурми бегона набошад, ки ту худ сурати хеш
Гар дар оина бибинӣ, биравад дил зи барат.

Ҷои ханда-ст сухан гуфтани ширин пешат,
К-оби ширин, чу бихандӣ, биравад аз шакарат.

Роҳи оҳи саҳар аз шавқ намеёрам дод,
То набояд, ки бишӯронад хоби саҳарат.

Ҳеч пироя зиёдат накунад ҳусни туро,
Ҳеч машшота1 наёрояд аз ин хубтарат.

Борҳо гуфтаам: Ин рӯй ба ҳар кас манамой,
То тааммул накунад дидаи ҳар бебасарат.

Боз гӯям, на ки ин сурату маънӣ, ки турост,
Натавонад, ки бибинад магар аҳли назарат.

Роҳи сад душманам аз баҳри ту мебояд дод,
То яке дӯст бибинам, ки бигӯяд хабарат.

Ончунон сахт наёяд, сари ман гар биравад,
Нозанино, ки парешонии мӯе зи сарат.

Ғами он нест, ки бар хок нишинад Саъдӣ,
Заҳмати хеш намехоҳад бар раҳгузарат.


1 Ороишгар.


?>