Инон магар зи раҳмати маҳз офаридаанд

225

Инон магар зи раҳмати маҳз офаридаанд,
К-ороми ҷону унси дилу нури дидаанд.

Лутф оятест дар ҳақи инону кибру ноз,
Пироҳане ки бар қади эшон буридаанд.

Ояд ҳанӯзашон зи лаби лаъл бӯи шир,
Ширинлабон на шир, ки шаккар мазидаанд.

Пиндорам, оҳувони Таторанд мушкрез,
Лекин ба зери сояи тӯбо чаридаанд.

Ризвон магар сарочаи фирдавс баркушод,
К-ин ҳуриён ба соҳати дунё хазидаанд.

Оби ҳаёт дар лаби инон, ба занни ман,
К-аз лӯлаҳои чашмаи Кавсар макидаанд.

Дасти гадо ба себи занахдони ин гурӯҳ
Нодир расад, ки меваи аввалрасидаанд.

Гул барчинанд рӯз ба рӯз аз дарахти гул,
З-ин гулбунон ҳанӯз магар гул начидаанд?

Узр аст ҳиндуи бутисангинпарастро,
Бечорагон магар бути симин надидаанд?

Ин лутф бин, ки бо гили Одам сириштаанд,
В-ин рӯҳ бин, ки дар тани Одам дамидаанд.

Он нуқтаҳои хол чӣ шоҳид нишондаанд,
В-ин хаттаҳои сабз чӣ мавзун кашидаанд.

Бар истивои қоматашон гӯӣ абрувон
Болои сарви рост ҳилоле хамидаанд.

Бо қомати баланди санавбархиромашон
Сарви баланду коҷ ба шӯхӣ чамидаанд.

Сеҳр аст чашму зулфу буногӯшашон, дареғ,
К-ин муъминон ба сеҳр чунин бигравидаанд.

З-эшон тавон ба хуни ҷигар ёфтан мурод,
К-аз кӯдакӣ ба хуни ҷигар парваридаанд.

Доманкашони ҳусни диловезро чӣ ғам,
К-ошуфтагони ишқ гиребон даридаанд?!

Дар боғи ҳусн хуштар аз инон дарахт нест,
Мурғони дил бад-ин ҳавас аз бар паридаанд.

Бо чобукони дилбару шӯхони дилфиреб
Бисёр дарфитодаву андак раҳидаанд.

Ҳаргиз ҷамоате, ки шуниданд сирри ишқ,
Нашнидаам, ки боз насиҳат шунидаанд.

Зинҳор, агар ба донаи холе назар кунӣ,
Сокин, ки доми зулф бар он густаридаанд.

Гар шоҳидон на дунйию дин мебаранду ақл,
Пас, зоҳидон барои чӣ хилват гузидаанд?

Нодир гирифт домани савдои васлашон,
Дасте, ки оқибат на ба дандон газидаанд.

Бар хоки раҳ нишастани Саъдӣ аҷаб мадор,
Мардон чӣ ҷои хок, ки бар хун тапидаанд.