Ин боди баҳори бӯстон аст

79

Ин боди баҳори бӯстон аст,
Ё бӯи висоли дӯстон аст?!

Дил мебарад ин хати нигорин,
Гӯӣ хати рӯи дилситон аст.

Эй мурғи ба доми дил гирифтор,
Боз ой, ки вақти ошён аст.

Шабҳо ману шамъ мегудозем,
Ин аст, ки сӯзи ман наҳор аст.

Гӯшам ҳама рӯз аз интизорат
Бар роҳу назар бар остон аст.

В-ар бонги муаззине миёяд,
Гӯям, ки дарои корвон аст.

Бо он ҳама душманӣ, ки кардӣ,
Боз ой, ки дӯстӣ ҳамон аст.

Бо қудрати бозувони ишқат
Сарпанҷаи сабр нотавон аст.

Безории дӯстони дамсоз
Тафриқ1 миёни ҷисму ҷон аст.

Нолидани дардноки Саъдӣ
Бар даъвии дӯстӣ баён аст.

Оташ ба наи қалам дарандохт,
В-ин ҳибр2 ки меравад, духон3 аст.


1 Ҷудоӣ.
2 Дуда, мураккаб, ки бо он хат нависанд.
3 Дуд.