Ин ки ту дорӣ, қиёмат аст, на қомат

143

Ин ки ту дорӣ, қиёмат аст, на қомат,
В-ин на табассум, ки муъҷиза-сту каромат.

Ҳар кӣ тамошои рӯи чун қамарат кард,
Сина сипар кард пеши тири маломат.

Ҳар шабу рӯзе ки бе ту меравад аз умр,
Бар нафасе меравад ҳазор надомат1.

Умр набуд, он чи ғофил аз ту нишастам,
Боқии умр истодаам ба ғаромат.

Сарви хиромон чу қадди муътадилат нест,
Он ҳама васфаш ки мекунанд ба қомат.

Чашми мусофир, ки бар ҷамоли ту афтод,
Азми раҳилаш бадал шавад ба иқомат.

Аҳли фариқайн2 дар ту хира бимонанд,
Гар биравӣ дар ҳисобгоҳи қиёмат.

Ин ҳама сахтию номуродии Саъдӣ,
Чун ту писандӣ, саодат асту саломат.


1 Пушаймонӣ.
2 Шиъаву суннӣ.


?>