Ишқ дар дил монду ёр аз даст рафт

138

Ишқ дар дил монду ёр аз даст рафт,
Дӯстон, дасте, ки кор аз даст рафт!

Эй аҷаб, гар ман расам дар коми дил,
Кай расам, чун рӯзгор аз даст рафт?

Бахту рою зӯру зар будам, дареғ,
К-андар ин ғам ҳар чаҳор аз даст рафт.

Ишқу савдову ҳавас дар сар бимонд,
Сабру орому қарор аз даст рафт.

Гар ман аз пой андароям, гӯ, дарой,
Беҳтар аз ман сад ҳазор аз даст рафт.

Бими ҷон, к-ин бор хунам мехурад,
В-арна, ин дил чанд бор аз даст рафт.

Маркаби савдо ҷаҳонидан чӣ суд,
Чун зимоми ихтиёр аз даст рафт?

Саъдиё, бо ёр ишқ осон бувад,
Ишқ боз, акнун ки ёр аз даст рафт.


?>