Касе, ки рӯи ту дидаст, ҳоли ман донад

219

Касе, ки рӯи ту дидаст, ҳоли ман донад,
Ки ҳар кӣ дил ба ту пардохт, сабр натвонад.

Магар ту рӯй бипӯшӣ, в-агарна, мумкин нест,
Ки одамӣ, ки ту бинад, назар бипӯшонад.

Ҳар офарида, ки чашмаш бар он ҷамол афтод,
Дилаш бибахшаду бар ҷонат офарин хонад.

Агар ба даст канад боғбон чунин сарве,
Чӣ ҷои чашма, ки бар чашмҳот биншонад,

Чӣ рӯзҳо ба шаб овард ҷони мунтазирам,
Ба бӯи он ки шабе бо ту рӯз гардонад.

Ба чанд ҳила шабе дар фироқ рӯз кунам,
В-агар набинамат, он рӯз ҳам ба шаб монад.

Ҷафову салтанатат мерасад, вале маписанд,
Ки гар савор биронад, пиёда дар монад.

Ба дасти раҳматам аз хоки остон бардор,
Ки гар бияфканиям, кас ба ҳеч настонад.

Чӣ ҳоҷат аст ба шамшер қатли ошиқро?
Ҳадиси дӯст бигӯяш, ки ҷон барафшонад.

Паёми аҳли дил аст, ин хабар ки Саъдӣ дод,
На ҳар кӣ гӯш кунад, маънии сухан донад.