Кас надонам, ки дар ин шаҳр гирифтори ту нест

125

Кас надонам, ки дар ин шаҳр гирифтори ту нест,
Ҳеч бозор чунин гарм ки бозори ту, нест.

Сарв зебову ба зебоии болои ту на,
Шаҳд ширину ба ширинии гуфтори ту нест.

Худ кӣ бошад, ки туро бинаду ошиқ нашавад?
Магараш ҳеч набошад, ки харидори ту нест.

Кас надидаст туро як назар андар ҳама умр,
Ки ҳама умр дуогӯю ҳаводори ту нест.

Одамӣ нест, магар колбаде беҷон аст,
Он ки гӯяд, ки маро майл ба дидори ту нест.

Эй ки шамшери ҷафо бар сари мо охтаӣ,
Сулҳ кардем, ки моро сари пайкори ту нест.

Ҷавр талх аст, валекин чӣ кунам, гар набарам?
Чун гурез аз лаби ширини шикарбори ту нест.

Ман саре дораму дар пои ту хоҳам бозид1,
Хаҷил аз нанги бизоат, ки сазовори ту нест.

Ба ҷамоли ту2, ки дидор зи ман бозмагир,
Ки маро тоқати нодидани дидори ту нест.

Саъдиё, гар натавонӣ, ки ками худ гирӣ,
Сари худ гир3, ки соҳибназарӣ кори ту нест.


1 Хоҳам бохт.
2 Савганд ба чеҳраи зебоят.
3 Ба роҳи худат бирав, ба кори худ бош.