Ман бо ту на марди панҷа будам

378

Ман бо ту на марди панҷа будам,
Афкандаму мардӣ озмудам.

Дидам, дили хосу ом бурдӣ,
Ман низ диловарӣ намудам.

Дар ҳалқаи корзорам андохт,
Он низ, ки ҳалқа мерабудам.

Ангуштнамои халқ будам,
В-ангушт ба ҳеч барнасудам.

Айби дигарон нагӯям ин бор,
К-андар ҳақи хештан шунудам,

Гуфтам, ки барорам аз ту фарёд,
Фарёд ки нашнавӣ, чӣ судам?

Аз чашми иноятам маяндоз,
К-аввал ба ту чашм баркушудам.

Гар сар биравад, фидои поят,
Марг омаданист, деру зудам.

Имрӯз чунонам аз муҳаббат,
К-оташ ба фалак расиду дудам.

В-он рӯз, ки сар барорам аз хок,
Муштоқи ту ҳамчунон, ки будам.


?>