Маро ба оқибат ин шӯхи симтан бикушад

208

Маро ба оқибат ин шӯхи симтан бикушад,
Чу шамъи сӯхта рӯзе дар анҷуман бикушад.

Ба лутф агар бихиромад, ҳазор дил бибарад,
Ба қаҳр агар биситезад, ҳазор тан бикушад.

Агар худ оби ҳаёт аст дар даҳону лабаш,
Маро аҷаб набувад, к-он лабу даҳан бикушад.

Гар истод ҳарифе, асири ишқ бимонд,
В-агар гурехт, хаёлаш ба тохтан бикушад.

Маро ки қуввати коҳе на, кай диҳад зинҳор,
Балои ишқ, ки Фарҳоди Кӯҳкан бикушад.

Касон итоб кунандам, ки тарки ишқ бигӯй,
Ба нақд агар накушад ишқам, ин сухан бикушад.

Ба шаръ обиди авсон1 агар бибояд кушт,
Маро чӣ ҳоҷати куштан, ки худ васан бикушад?!

Ба дӯсте гила кардам зи чашми шӯхаш, гуфт:
Аҷаб набошад, агар масти теғзан бикушад.

Ба як нафас, ки баромехт ёр бо ағёр,
Басе намонд, ки ғайрат вуҷуди ман бикушад.

Ба ханда гуфт, ки ман шамъи ҷамъам, эй Саъдӣ,
Маро аз он чӣ, ки парвона хештан бикушад?


1 Ҷамъи васан, бут.


?>