Маро чу орзуи рӯи он нигор ояд

282

Маро чу орзуи рӯи он нигор ояд,
Чу булбулам ҳаваси нолаҳои зор ояд.

Миёни анҷуман аз лаъли ӯ чу орам ёд,
Маро сиришки чу ёқут дар канор ояд.

Зи ранги лола маро рӯи дилбар ояд ёд,
Зи шакли сабза маро ёди хатти ёр ояд.

Гуле ба дасти ман ояд чу рӯи ту? Ҳайҳот!
Ҳазор соли дигар гар чунин баҳор ояд.

Хасон хуранд бар аз боғи васли ӯву маро
Зи гулситони ҷамолаш насиб хор ояд.

Тамаъ мадор, висоле ки бе фироқ бувад.
Ҳар оина паси ҳар мастие хумор ояд.

Маро замона зи ёрон ба манзиле андохт,
Ки розиям ба насиме, к-аз он диёр ояд.

Фироқи ёр ба якбор бехи сабр биканд,
Баҳори васл, надонам, ки кай ба бор ояд.

Дило, агарчи ки талх аст бехи сабр, вале
Чу бар умеди висол аст, хушгувор ояд.

Пас аз таҳаммули сахтӣ умеди васл марост,
Ки субҳ аз шабу тарёк ҳам зи мор ояд.

Зи чархи арбадаҷӯ бас хаданги тири ҷафо
Биҷасту дар дили мардони ҳушёр ояд.

Чу умри хуш нафасе гар гузар кунӣ бар ман,
Маро ҳамон нафас аз умр дар шумор ояд.

Ба ҷуз ғуломии дидори хеш Саъдиро
Зи кору бори ҷаҳон, гар шаҳист, ор ояд.


?>