Мутриб оҳанги тараннумҳои шавқангез кард

Мутриб оҳанги тараннумҳои шавқангез кард,
Аз дами най оташи соҳибдилонро тез кард.

Дар ҳарими базми риндон пой натвонад ниҳод,
Ҷуз ҳарифе, к-аз сабӯйи бода дастовез кард.

Кӯҳкан1, гӯ, теша беҳосил мазан, чун даври чарх
Лаъли ҷонафзои Ширин рӯзии Парвиз кард.

Сабзаи тар хост гирди гул туро аз мушки ноб,
Бо асирон ҳар чӣ кард, он сабзаи навхез кард.

Зулфи мушкини туро дар боғ барҳам зад сабо,
Ҷаъди сунбулро абирафшону анбарбез кард.

Дошт арзонӣ хаёлат дӯш ташрифи қудум,
Мардуми чашми манаш аз гиря гавҳаррез кард.

Даъвии парҳезгорӣ нест ҷуз олудагӣ,
Вақти Ҷомӣ хуш, к-аз ин олудагӣ парҳез кард.


1 Кӯҳкан – киноя аз Фарҳод.