Надонистӣ, ки бинӣ банд бар пой

Надонистӣ, ки бинӣ банд бар пой,
Чу дар гӯшат наёмад панди мардум.
Дигар раҳ чун надорӣ тоқати неш,
Макун ангушт дар сӯрохи каждум.