Омад гаҳи он ки бӯи гулзор

294

Омад гаҳи он ки бӯи гулзор
Мансух кунад димоғи аттор.

Хоб аз сари хуфтагон бадар бурд
Бедории булбулони асҳор.

Мо кулбаи зуҳд баргирифтем,
Саҷҷода кӣ мебарад ба хаммор?

Якранг шавем, то набошад
Ин хирқаи сатрпӯш зуннор.

Бархез, ки чашмҳои мастат
Хуфта-сту ҳазор фитна бедор.

Вақте санаме диле рабудӣ,
Ту халқ рабудаӣ ба як бор.

Ё хотири хештан ба мо деҳ,
Ё хотири мо зи даст бигзор.

На роҳи шудан, на рӯи будан,
Маъшуқа малулу мо гирифтор.

Ҳам захми ту беҳ, чу мехурам захм,
Ҳам бори ту беҳ, чу мекашам бор.

Сар пеш ниҳодаам, ки дар хун
Баргардаму1 барнагардам аз ёр.

Гар дунйию охират биёрӣ,
К-ин ҳар ду бигиру дӯст бигзор,

Мо Юсуфи худ намефурӯшем,
Ту сими сиёҳи худ нигаҳ дор!


1 Ғалт бизанам, биғалтам.


?>