Он сарв, ки гӯянд, ба болои ту монад

218

Он сарв, ки гӯянд, ба болои ту монад,
Ҳаргиз қадаме пеши ту рафтан натавонад.

Дунболи ту будан гунаҳ аз ҷониби мо нест,
Бо ғамза бигӯ, то дили мардум наситонад.

Зинҳор, ки чун мегузарӣ бар сари маҷрӯҳ,
В-аз вай хабарат нест, ки чун мегузаронад.

Бахт он накунад бо мани саргашта, ки як рӯз
Ҳамхонаи ман бошию ҳамсоя надонад.

Ҳар к-ӯ сари пайванди ту дорад ба ҳақиқат,
Даст аз ҳама чизу ҳама кас даргусилонад.

Имрӯз чӣ донӣ ту, ки дар оташу обам?
Чун хок шавам, бод ба гӯшат бирасонад.

Онон, ки надонанд парешонии муштоқ,
Гӯянд, ки нолидани булбул ба чӣ монад?

Гулро ҳама кас даст гирифтанду нахонанд,
Булбул натавонист, ки фарёд нахонад.

Ҳар соате ин фитнаи навхоста аз ҷой
Бархезаду халқе мутаҳаййир бинишонад.

Дар ҳасрати онам, ки сару мол ба якбор
Дар доманаш афшонаму доман нафишонад.

Саъдӣ, ту дар ин банд бимирию надонад,
Фарёд бикун, ё бикушад, ё бираҳонад.


?>