Пеши рӯят нигарон сурати бар деворанд

229

Пеши рӯят нигарон сурати бар деворанд,
На чунин сурату маънӣ, ки ту дорӣ, доранд.

То гули рӯи ту дидам, ҳама гулҳо хоранд,
То туро ёр гирифтам, ҳама халқ ағёранд.

Он ки гӯянд ба умре шаби қадре бошад,
Магар он аст, ки бо дӯст ба поён оранд.

Домани давлати ҷовиду гиребони умед
Ҳайф бошад, ки бигиранду дигар бигзоранд.

На ман аз дасти нигорини ту маҷрӯҳаму бас,
Ки ба шамшери ғамат кушта чу ман бисёранд.

Аҷаб аз чашми ту дорам, ки шабонаш то рӯз
Хоб мегираду шаҳре зи ғамат бедоранд.

Булъаҷаб воқиае бошаду мушкил дарде,
Ки на пӯшида тавон дошт, на гуфтан ёранд.

Яъламуллаҳ1, ки хаёле зи танам беш намонд,
Балки он низ хаёлест, ки мепиндоранд.

Саъдӣ, андоза надорад, ки чӣ ширинсуханӣ,
Боғи табъат ҳама мурғони шакаргуфторанд.

То ба бустони замират гули маънӣ бишукуфт,
Булбулон аз ту фурӯ монда чу бӯтиморанд.


1 Худо медонад.


?>