Подшаҳ посбони дарвеш аст

Подшаҳ посбони дарвеш аст,
Гарчи ромиш ба фарри давлати ӯст.
Гӯсфанд аз барои чӯпон нест,
Балки чӯпон барои хидмати ӯст.