Ҷойе, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст
Ҷойе, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст,
Он ҷо ду ҳазор найза боло хун аст.
Лайлисифатон зи ҳоли мо бехабаранд…
Ҷойе, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст,
Он ҷо ду ҳазор найза боло хун аст.
Лайлисифатон зи ҳоли мо бехабаранд…
Бо он ки дилам аз ғами ҳиҷрон хун аст,
Шодӣ ба ғами туам зи ғам афзун аст.
Андеша кунам ҳар шабу гӯям: — Ё раб…
Чашмам зи ғамат баҳри ақиқе, ки бисуфт,
Бар чеҳр ҳазор гул зи розам бишукуфт.
Розе, ки дилам зи ҷон ҳамедошт ниҳуфт…
Тақдир, ки бар куштанат озарм надошт,
Бар ҳусни ҷавоният дили нарм надошт.
Андар аҷабам зи ҷонситон, к-аз чу туе…
Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост,
Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост.
Бӯйи ҷигари сӯхта олам бигирифт…
Дил хаставу бастаи мусалсалмӯест,
Хунгаштаву куштаи бути ҳиндуест.
Суде надиҳад насиҳатат, ай воиз…
Бе рӯйи ту Хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод!
Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод…
Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад,
Як пурсиши гарм ҷуз табам кас накунад.
В-ар ҷон ба лаб оядам, ба ҷуз мардуми чашм…
Чун рӯз алам зад, ба ҳусомат монад,
Чун якшаба шуд моҳ, ба ҷомат монад.
Тақдир ба азми тезгомат монад…
Зулфаш бикашӣ, шаби дароз андозад
В-ар бикшойӣ, чангали боз андозад.
В-ар печу хамаш зи якдигар бикшоянд…
Номат шунавам, дил зи фараҳ зинда шавад,
Ҳоли ман аз иқболи ту фархунда шавад.
В-аз ғайри ту ҳар ҷо сухан ояд ба миён…
Ҳон, ташнаҷигар, маҷӯй з-ин боғ самар,
Бедистонест ин риёзи бадудар.
Беҳуда мамон, ки боғбонат ба қафост…
Омад бари ман. Кӣ? Ёр! Кай? Вақти саҳар.
Тарсанда зи кӣ? Зи хасм! Хасмаш кӣ? Падар.
Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар…
Чун кушта бибиниям ду лаб гашта фароз
В-аз ҷон тиҳӣ ин қолаби фарсуда ба оз.
Бар болинам нишину мегӯй ба ноз…
Дар ҷустани он нигори пуркинаву ҷанг
Гаштем саропойи ҷаҳон бо дили танг.
Шуд даст зи кору монд пой аз рафтор…
Бар ишқи туам на сабр пайдост, на дил,
Бе рӯйи туам на ақл барҷост, на дил.
Ин ғам, ки марост, кӯҳи Қоф аст, на ғам…
Юсуфрӯйе, к-аз ӯ фиғон кард дилам,
Чун дасти занони мисриён кард дилам.
З-оғоз ба бӯса меҳрбон кард дилам…
Воҷиб набувад ба кас-бар ифзолу карам,
Воҷиб бошад, ҳаройина, шукри ниъам.
Тақсир накард хоҷа дар новоҷиб…
Дар манзили ғам фиканда мафраш моем
В-аз оби ду чашм дил пуроташ моем,
Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем…
Дар пеши худ он нома чу булкома ниҳам,
Парвин зи сиришки дида бар ҷома ниҳам.
Бар посухи ту чу даст бар хома ниҳам…
Дар ишқ чу Рӯдакӣ шудам сер аз ҷон,
Аз гиряи хунин мижаам шуд марҷон.
Алқисса, ки аз бими азоби ҳиҷрон…
Дидор ба дил фурӯхт, нафрӯхт гарон,
Бӯса ба равон фурӯшаду ҳаст арзон.
Оре, ки чу он моҳ бувад бозаргон…
Аз ҳаҷри маҳи рухи ту, ай мояи ҷон,
Пурдур карданд чун даҳони ту ҷаҳон.
Аз нохуни даст хаста кардам дилу ҷон…
Рӯят дарёи ҳусну лаълат марҷон,
Зулфат анбар, садаф даҳан, дур дандон.
Абрӯ киштию чини пешонӣ мавҷ…
Ай аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ,
Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ.
Гулранг шавад, чу рӯй шӯйӣ, ҳама ҷӯ…
Ай нолаи пири хонақоҳ аз ғами ту
В-ай гиряи тифли бегуноҳ аз ғами ту.
Афғони хурӯси субҳгоҳ аз ғами ту…
Зулфат дидам, сар аз чамон печида
В-андар гули сурхи арғавон печида,
Дар ҳар банде ҳазор дил дар бандаш…
Чун кори дилам зи зулфи ӯ монд гираҳ,
Бар ҳар раги ҷон сад орзу монд гираҳ.
Уммед зи гиря буд, афсӯс, афсӯс…
Чархи каҷабоз то ниҳон сохт каҷа,
Бо неку бади доира дарбохт каҷа.
Ҳангомаи шаб гузашту шуд марра тамом…
Дил сер нагардадат зи бедодгарӣ,
Чашм об нагардадат, чу дар ман нигарӣ.
Ин турфа, ки дӯсттар зи ҷонат дорам…
Бо дода қаноъат куну бо дод бизӣ!
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ!
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махур…
Он харпадарат ба дашт хошок задӣ,
Момот дафу дурӯя чолок задӣ.
Он бар сари гӯрҳо таборак хондӣ…
Норафта ба шоҳроҳи васлат гоме,
Ноёфта аз ҳусни ҷамолат коме,
Ногоҳ шунидам зи фалак пайғоме…
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан…
Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ!
Бо хотири хурраму дили шод бизӣ!
Вайронии худ мангару ободии даҳрююю