Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо?

2

Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо?
Бибин тафовути раҳ, к-аз куҷост то ба куҷо.

Дилам зи савмаа бигрифту хирқаи солус,
Куҷост дайри муғону шароби ноб куҷо?

Чӣ нисбат аст ба риндӣ салоҳу тақворо,
Самоъи ваъз куҷо, нағмаи рубоб куҷо?

Зи рӯи дӯст дили душманон чӣ дарёбад,
Чароғи мурда куҷо, шамъи офтоб куҷо?

Чу куҳли биниши мо хоки остони шумост,
Куҷо равем, бифармо, аз ин ҷаноб, куҷо?

Мабин ба себи занахдон, ки чоҳ дар роҳ аст,
Куҷо ҳамеравӣ, эй дил, бад-ин шитоб, куҷо?

Бишуд, ки ёди хушаш бод рӯзгори висол,
Худ он карашма куҷо рафту он итоб куҷо?

Қарору хоб зи Ҳофиз тамаъ мадор, эй дӯст,
Қарор чист, сабурӣ кадому хоб куҷо?