Сари ҷонон надорад, ҳар кӣ ӯро хавфи ҷон бошад

196

Сари ҷонон надорад, ҳар кӣ ӯро хавфи ҷон бошад,
Ба ҷон гар суҳбати ҷонон барояд, ройгон бошад.

Муғелон чист, то ҳоҷӣ инон аз Каъба барчинад?
Хасак1 дар роҳи муштоқон бисоти парниён бошад.

Надорад бо ту бозоре, магар шӯридаасроре,
Ки меҳраш дар миёни ҷону муҳраш бар даҳон бошад.

Парирӯё, чаро пинҳон шавӣ аз мардуми чашмам?
Париро хосият он аст, к-аз мардум ниҳон бошад.

Нахоҳам рафтан аз дунё, магар дар пои деворат,
Ки то дар вақти ҷон додан сарам бар остон бошад.

Гар аз рои ту баргардам, бахилу ноҷавонмардам,
Равон аз ман таманно кун, ки фармонат равон бошад.

Ба дарёи ғамат ғарқам, гурезон аз ҳама халқам,
Гурезад душман аз душман, ки тираш дар камон бошад.

Халоиқ дар ту ҳайронанду ҷои ҳайрат аст, алҳақ,
Ки маҳро дар замин бинанду маҳ бар осмон бошад.

Миёнатрову мӯятро агар сад раҳ бипаймоӣ,
Миёнат камтар аз мӯею мӯят то миён бошад.

Ба шамшер аз ту натвонам, ки рӯи дил бигардонам,
В-агар милам2 кашӣ дар чашм, майлам ҳамчунон бошад.

Чу Фарҳод аз ҷаҳон берун ба талхӣ меравад Саъдӣ,
Валекин шӯри ширинаш бимонад, то ҷаҳон бошад.


1 Хори сепаҳлӯи оҳанӣ.
2 Мили оҳании гудохта, ки барои кӯр кардан ба чашми гунаҳкорон мекашиданд.


?>