Сармаст агар дароӣ, олам ба ҳам барояд

283

Сармаст агар дароӣ, олам ба ҳам барояд,
Хоки вуҷуди моро гард аз адам барояд.

Гар партаве зи рӯят дар кунҷи хотир афтад,
Хилватнишини ҷонро оҳ аз Ҳарам барояд.

Гулдастаи умеде бар ҷони ошиқон неҳ,
То раҳравони ғамро хор аз қадам барояд.

Гуфтӣ, ба ком рӯзе бо ту даме барорам,
Он ком барнаёмад, тарсам, ки дам барояд.

Ошиқ бигаштам, арчи дониста будам аввал,
К-аз тухми ишқбозӣ шохи надам барояд.

Гӯянд дӯстонам: Савдову нола то кай?
Савдо зи ишқ хезад, нола зи ғам барояд.

Дил рафту сабру дониш, мо мондаему ҷоне,
В-ар з-он ки ғам ғами туст, он низ ҳам барояд.

Ҳар дам зи сӯзи ишқат Саъдӣ чунон бинолад,
К-аз шеъри сӯзнокаш дуд аз қалам барояд.