Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард

143

Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард,
Он чи худ дошт, зи бегона тамано мекард.

Гавҳаре, к-аз садафи кавну макон берун аст,
Талаб аз гумшудагони лаби дарё мекард.

Мушкили хеш бари пири муғон бурдам дӯш,
К-ӯ ба таъйиди назар ҳалли муаммо мекард.

Дидамаш хурраму хандон, қадаҳи бода ба даст
В-андар он ойина сад гуна тамошо мекард.

Гуфтам: «Ин ҷоми ҷаҳонбин ба ту кай дод ҳаким?»
Гуфт: «Он рӯз, ки ин гунбади мино мекард».

Бедиле дар ҳама аҳвол Худо бо ӯ буд,
Ӯ намедидашу аз дур «Худоё» мекард.

Ин ҳама шуъбадаи хеш, ки мекард ин ҷо,
Сомирӣ пеши асову яди байзо мекард.

Файзи Рӯҳулқудус ар боз мадад фармояд,
Дигарон ҳам бикунанд, он чи Масеҳо мекард.

Гуфтамаш «Силсилаи зулфи бутон аз пайи чист?»
Гуфт: «Ҳофиз гилае аз дили шайдо мекард».