То ту ба хотири манӣ, кас нагузашт бар дилам

407

То ту ба хотири манӣ, кас нагузашт бар дилам,
Мисли ту кист дар ҷаҳон, то зи ту меҳр бигсилам?

Ман чу ба охират равам, рафта ба доғи дӯстӣ,
Доруи дӯстӣ бувад, ҳар чӣ бирӯяд аз гилам.

Мираму ҳамчунон равад номи ту бар забони ман,
Резаму ҳамчунон бувад, меҳри ту дар мафосилам.

Ҳосили умр сарф шуд дар талаби висоли ту,
Бо ҳама саъй агар ба худ раҳ надиҳӣ, чӣ ҳосилам?

Бод ба дасти орзу дар талаби ҳавои дил,
Гар накунад муовинат даври замони муқбилам.

Лоиқи бандагӣ наям бе ҳунарею қимате,
В-ар ту қабул мекунӣ, бо ҳама нақс фозилам.

Мисли туро ба хуни ман, в-ар бакушӣ ба ботилам,
Кас накунад мутолибат, з-он ки ғуломи қотилам.

Киштии ман, ки дар миён об гирифту ғарқ шуд,
Гар бувад устухон, барад боди сабо ба соҳилам.

Сарв бирафту бӯстон аз назарам ба ҷумлагӣ,
Менаравад санавбаре бехгирифта дар дилам.

Фикрати ман куҷо расад дар талаби висоли ту?
Ин ҳама ёд меравад, в-аз ту ҳанӯз ғофилам.

Лашкари ишқ, Саъдиё, ғорати ақл мекунад,
То ту дигар ба хештан зан набарӣ, ки оқилам.


?>