Туро худ як замон бо мо сари саҳро намебошад

207

Туро худ як замон бо мо сари саҳро намебошад,
Чу шамсат хотири рафтан ба ҷуз танҳо намебошад.

Ду чашм аз ноз дар пешат, фароғ аз ҳоли дарвешат,
Магар к-аз хубии хешат нигаҳ дар мо намебошад.

Малак ё чашмаи нурӣ, парӣ ё луъбати ҳурӣ?
Ки бар гулбун гули сурӣ чунин зебо намебошад.

Парирӯию маҳпайкар, суманбӯию симинбар,
Аҷаб, к-аз ҳусни рӯят дар ҷаҳон ғавғо намебошад.

Чу натвон сохт бе рӯят, бибояд сохт бо хӯят,
Ки моро аз сари кӯят сари дарво намебошад.

Марав ҳар сӯю ҳар ҷогаҳ, ки мискинон наянд огаҳ,
Намебинад касат ногаҳ, ки ӯ шайдо намебошад.

Ҷаҳоне дар паят мафтун, ба ҷои об гирён хун,
Аҷаб медорам аз ҳомун, ки чун дарё намебошад?!

Ҳама шаб мепазам савдо ба бӯи ваъдаи фардо,
Шаби савдои Саъдиро магар фардо намебошад?

Чаро бар хоки ин манзил нагирям, то бигирад гил?
Валекин бо ту, оҳандил, дамам гиро намебошад.


?>