Фарёди ман аз фироқи ёр аст

67

Фарёди ман аз фироқи ёр аст,
В-афғони ман аз ғами нигор аст.

Бе рӯи чу моҳи он нигорин
Рухсораи ман ба хун нигор1 аст.

Хуни ҷигарам зи фурқати2 ту
Аз дида равона дар канор аст.

Дарди дили ман зи ҳад гузаштаст,
Ҷонам зи фироқ беқарор аст.

Касро зи ғами ман огаҳӣ нест,
Овах3, ки ҷаҳон на пойдор аст.

Аз дасти замона дар азобам,
З-он ҷону дилам ҳаме фигор4 аст.

Саъдӣ, чӣ кунӣ шикоят аз дӯст,
Чун шодию ғам на барқарор аст?


1 Рангин.
2 Ҷудоӣ, фироқ.
3 Дардо, дареғо.
4 Хаста, озурда.


?>