Чун кори дилам зи зулфи ӯ монд гираҳ

Чун кори дилам зи зулфи ӯ монд гираҳ,
Бар ҳар раги ҷон сад орзу монд гираҳ.
Уммед зи гиря буд, афсӯс, афсӯс,
К-он ҳам шаби васл дар гулӯ монд гираҳ!