Чу нест роҳи бурун омадан зи майдонат

148

Чу нест роҳи бурун омадан зи майдонат,
Зарурат аст чу гӯй эҳтимоли1 чавгонат.

Ба ростӣ, ки нахоҳам буридан аз ту умед,
Ба дӯстӣ, ки нахоҳам шикаст паймонат.

Гарам ҳалок писандӣ, в-арам бақо бахшӣ,
Ба ҳар чӣ ҳукм кунӣ, нофиз2 аст фармонат.

Агар ту, иди ҳумоюн, ба аҳд боз оӣ,
Бахилам, ар накунам хештан ба фармонат.

Маҳи дуҳафта надорад фурӯғ чандоне,
Ки офтоб, ки метобад аз гиребонат.

Агар на сарв, ки тӯбо баромадӣ дар боғ,
Хиҷил шудӣ, чу бидидӣ қади хиромонат.

Назар ба рӯи ту соҳибдиле наяндозад,
Ки бедилаш накунад чашмҳои фаттонат.

Ғуломи ҳиммати шангулиёну3 риндонам,
На зоҳидон, ки назар мекунанд пинҳонат.

Биё, в-агар ҳама бад кардаӣ, ки некат бод,
Дуои некон аз чашми бад нигаҳбонат!

Ба хоки пот, ки гар сар фидо кунад Саъдӣ,
Муқассир аст ҳанӯз аз адои эҳсонат.


1 Таҳаммул.
2 Дорои эътибор, қобили иҷро.
3 Сархушон.