Шикаст аҳди муваддат нигори дилбандам

377

Шикаст аҳди муваддат нигори дилбандам,
Бурид меҳру вафо ёри сустпайвандам.

Ба хоки пои азизон, ки аз муҳаббати дӯст
Дил аз муҳаббати дунёву охират кандам.

Татовуле1, ки ту кардӣ ба дӯстӣ бо ман,
Ман он ба душмани хунхори хеш напсандам.

Агарчи меҳр буридию аҳд бишкастӣ,
Ҳанӯз бар сари паймону аҳду савгандам.

Биёр, соқии сармаст, ҷоми бодаи ишқ,
Бидеҳ ба рағми муносиҳ2, ки медиҳад пандам.

Ман он наям, ки пазирам насиҳати уқало,
Падар, бигӯй, ки ман беҳисоб фарзандам.

Бо хоки пои ту савганду ҷони зиндадилон,
Ки ман ба пои ту дар мурдан орзумандам.

Биё, биё, санамо, к-аз сари парешонӣ
Намонд ҷуз сари зулфи ту ҳеч побандам.

Ба ханда гуфт, ки: Саъдӣ, аз ин хатар бигрез,
Куҷо равам, ки ба зиндони ишқ дар бандам?!


1 Зулму ситам.
2 Насиҳатгар.


?>