Шуд моҳи ман он шамъи шабафрӯз имшаб

Рубоии шумораи 4

Шуд моҳи ман он шамъи шабафрӯз имшаб,
Гӯ, чархи фалак, зи рашк месӯз имшаб!
Имшаб на шаби васл, шаби қадри ман аст,
Беҳтар зи ҳазор рӯзи Наврӯз имшаб.