Шӯхӣ макун, эй ёр, ки соҳибназаронанд

248

Шӯхӣ макун, эй ёр, ки соҳибназаронанд,
Бегонаву хеш аз пасу пешат нигаронанд.

Кас нест, ки пинҳон назаре бо ту надорад,
Ман низ бар онам, ки ҳама халқ бар онанд.

Аҳли назар онанд, ки чашме ба иродат
Бо рӯи ту доранду дигар бебасаронанд.

Ҳар кас ғами дин дораду ҳар кас ғами дунё,
Баъд аз ғами рӯят ғамибеҳудахуронанд.

Соқӣ, бидеҳ он кӯзаи хумхона ба дарвеш,
К-онҳо ки бимурданд, гили кӯзагаронанд.

Чашме ки ҷамоли ту надидаст, чӣ дидаст?
Афсӯс бар инон, ки ба ғафлат гузаронанд.

То рои куҷо дорию парвои кӣ дорӣ,
К-аз ҳар тарафат тоифае мунтазиронанд?

Инон ки ба дидори ту дар рақс миёянд,
Чун меравӣ, андар талабат ҷомадаронанд.

Саъдӣ, ба ҷафо тарки муҳаббат натавон гуфт,
Бар дар бинишинам, агар аз хона биронанд.


?>