Эй кисвати зебоӣ бар қомати чолокат

142

Эй кисвати зебоӣ бар қомати чолокат,
Зебо натавонад дид, илло назари покат.

Гар манзилате дорам, бар хоки дарат мирам,
Бошад, ки гузар бошад як рӯз бар он хокат.

Донам, ки сарам рӯзе дар пои ту хоҳад шуд,
Ҳам дар ту гурезам, пас, дасти ману фитрокат!2

Эй чашми хирад ҳайрон дар манзари матбӯъат,
В-эй дасти назар кӯтоҳ аз домани идрокат!

Гуфтам, ки наёвезам бо мори сари зулфат,
Бечора фурӯ мондам пеши лаби Заҳҳокат.

Маҳ рӯй бипӯшонад, хуршед хиҷил монад,
Гар партави рӯй афтад бар торами афлокат.

Гар ҷумла бибахшоӣ, фазл аст бар асҳобат,
В-ар ҷумла бисӯзонӣ, ҳукм аст бар амлокат.

Хуни ҳама кас резӣ, аз кас набувад бимат,
Ҷурми ҳама кас бахшӣ, аз кас набувад бокат.

Чандон ки ҷафо хоҳӣ, мекун, ки намегардад
Ғам гирди дили Саъдӣ бо ёди тарабнокат.


1 Тасмае, ки аз ақиби зини асп меовезанд.


?>