Эй, ки муштоқи манзилӣ, машитоб

Эй, ки муштоқи манзилӣ, машитоб,
Панди ман кор банду сабр омӯз:
Аспи тозӣ дутак равад ба шитоб,
Шутур оҳиста меравад шабу рӯз.