Эй писари дилрабо в-эй қамари дилпазир

306

Эй писари дилрабо в-эй қамари дилпазир,
Аз ҳама бошад гурез в-аз ту набошад гузир.

То ту мусаввар шудӣ дар дили яктои ман,
Ҷои тасаввур намонд дигарам андар замир.

Айб кунандам, ки чанд дар паи хубон равӣ,
Чун наравад бандавор, ҳар кӣ барандаш асир?

Бастаи занҷири зулф зуд наёбад халос,
Дер барояд ба ҷаҳд, ҳар кӣ фурӯ шуд ба қир.

Чун ту буте бигзарад сарвқади симсоқ,
Ҳар кӣ дар ӯ нангарад, мурда бувад ё зарир1.

Гар набарам нози дӯст, кист, ки монанди ӯст?
Кибр кунад бе хилоф, ҳар кӣ бувад беназир.

Қомати зебои сарв, к-ин ҳама васфаш кунанд,
Ҳаст ба сурат баланд, лек ба маънӣ қасир2.

Ҳар кӣ талабгори туст, рӯй натобад зи теғ,
В-он ки ҳаводори туст, боз нагардад ба тир.

Бӯса диҳам бандавор бар қадамат, в-ар сарам
Дар сари ин меравад, бесарупоӣ магир.

Саъдӣ, агар хуну мол сарф шавад дар висол,
Он-т мақоме бузург, ин-т баҳое ҳақир.

Гар ту зи мо фориғӣ в-аз ҳама кас бениёз,
Мо ба ту мустазҳарем3 в-аз ҳама олам фақир.


1 Кӯр, нобино.
2 Кӯтоҳ, норасо.
3 Такякунанда, пуштгарм.


?>