Ёрони куҳан, ки банда будам ҳамаро

Рубоии шумораи 2

Ёрони куҳан, ки банда будам ҳамаро,
Дар банди ҷафои худ шунудам ҳамаро.
Зинҳор, зи кас вафо маҷӯед, ки ман
Дидам ҳамарову озмудам ҳамаро.