Ҳосил нашавад ризои султон

Ҳосил нашавад ризои султон,
То хотири бандагон наҷӯӣ.
Хоҳӣ, ки Худой бар ту бахшад,
Бо халқи Худой кун накуӣ.