Ҷону танам, эй дӯст, фидои тану ҷонат

147

Ҷону танам, эй дӯст, фидои тану ҷонат,
Мӯе нафурӯшам ба ҳама мулки ҷаҳонат.

Ширинтар аз ин лаб нашунидам, ки сухан гуфт,
Ту худ шакарӣ ё асал аст оби даҳонат?!

Як рӯз иноят куну тире ба ман андоз,
Бошад, ки тафарруҷ бикунам дасту камонат.

Гар роҳ бигардонию гар рӯй бипӯшӣ,
Ман менигарам гӯшаи чашми нигаронат.

Бар сарв набошад рухи чун моҳи мунират,
Бар моҳ набошад қади чун сарви равонат.

Охир, чӣ балоӣ ту, ки дар васф наёӣ?
Бисёр бигуфтему накардем баёнат.

Ҳар кас, ки маломат кунад аз ишқи ту моро,
Маъзур бидоранд, чу бинанд аёнат.

Ҳайф аст чунин рӯи нигорин, ки бипӯшӣ,
Суде ба масокин расад, охир, чӣ зиёнат?!

Боз ой, ки дар дида бимондаст хаёлат,
Биншин, ки ба хотир бигирифтаст нишонат.

Бисёр набошад диле аз даст бидодан,
Аз ҷон рамақе дораму ҳам бархии ҷонат!

Дашном карам кардию гуфтию шунидам,
Хуррам тани Саъдӣ, ки баромад ба забонат!


?>