Агарчӣ пеши хирадманд хомӯшӣ адаб аст

Агарчӣ пеши хирадманд хомӯшӣ адаб аст,
Ба вақти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кӯшӣ.
Ду чиз тираи ақл аст: дам фурӯ бастан
Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ.

Агарчӣ аз назари аҳли хирад хомӯш будан (ва зиёд сухан нагуфтан) аз ҷумлаи одоби муҳимми инсонӣ ба ҳисоб меравад, аммо ҳангоми зарурат (вақте сухан гуфтан лозим бошад,) беҳтар аст, ки хомӯш набошӣ ва ҳатман сухан бигӯӣ. Ду чиз нишондиҳандаи сабукфикрию бехирадии инсон аст: яке хомӯш нишастан дар вақте, ки сухан гуфтан лозим бошад ва дуюмӣ, сухан гуфтан дар вақте, ки хомӯш нишастан зарур ва беҳтар бошад.