Аз дида хуни дил ҳама бар рӯйи мо равад

220

Аз дида хуни дил ҳама бар рӯйи мо равад,
Бар рӯйи мо зи дида, чӣ гӯям, чиҳо равад.

Мо дар даруни сина ҳавое ниҳуфтаем,
Бар бод агар равад дили мо, з-он ҳаво равад.

Хуршеди ховарӣ кунад аз рашк ҷома чок,
Гар моҳи меҳпарвари ман дар қабо равад.

Бар хоки роҳи ёр ниҳодем рӯйи хеш,
Бар рӯйи мо, равост, агар ошно равад.

Сел аст оби дидаву ҳар кас, ки бигзарад,
Гар худ дилаш зи санг бувад ҳам, зи ҷо равад.

Моро ба оби дида шабу рӯз моҷарост,
З-он раҳгузар, ки бар сари кӯяш чаро равад?

Ҳофиз ба кӯйи майкада доим ба сидқи дил
Чун сӯфиёни савмаадор аз сафо равад.