Ба аҳди салтанати шоҳ Шайх Абӯисҳоқ

7

Ба аҳди салтанати шоҳ Шайх Абӯисҳоқ,
Ба панҷ шахс аҷаб мулки Форс буд обод.

Нахуст подшаҳе ҳамчу ӯ вилоятбахш,
Ки ҷони хеш бипарварду доди айш бидод.

Дигар мураббии ислом Шайх Маҷдуддин,
Ки қозие беҳ аз он осмон надорад ёд.

Дигар бақийяи абдол Шайх Аминуддин,
Ки юмни ҳиммати ӯ корҳои баста гушод.

Дигар шаҳаншаҳи дониш Азуд, ки дар тасниф
Бинои кори мувофиқ ба номи шоҳ ниҳод.

Дигар карим чу Ҳоҷӣ Қавоми дарёдил,
Ки номи нек бибурд аз ҷаҳон ба бахшишу дод.

Назири хеш бинагзоштанду бигзаштанд,
Худои азза ва ҷал ҷумларо биёмурзод!