Бар сари бозори ҷонбозон мунодӣ мезананд

15

Бар сари бозори ҷонбозон мунодӣ мезананд,
Бишнавед, эй сокинони кӯйи риндӣ, бишнавед!

Духтари раз чанд рӯзе шуд, ки аз мо гум шудаст,
Рафт, то гирад сари худ, ҳону ҳон, ҳозир шавед!

Ҷомае дорад зи лаълу нимтоҷе аз ҳубоб,
Ақлу дониш бурду шуд, то эмин аз вай, нағнавед.

Ҳар кӣ он талхам диҳад, ҳалвобаҳо ҷонаш диҳам,
В-ар бувад пӯшидаву пинҳон, ба дӯзах дарравед.

Духтари шабгарди тунди талхи гулранг асту маст,
Гар биёбедаш, ба сӯи хонаи Ҳофиз баред!