Бори фироқи дӯстон баски нишаст бар дилам

406

Бори фироқи дӯстон баски нишаст бар дилам,
Меравию намеравад ноқа ба зери маҳмилам.

Бор бияфканад шутур, чун бирасад ба манзиле,
Бори дил аст ҳамчунон, в-ар ба ҳазор манзилам.

Эй ки миҳор мекашӣ, сабр куну сабук марав,
К-аз тарафе ту мекашӣ, в-аз тарафе салосилам.

Боркашидаи ҷафо, пардадаридаи вафо,
Роҳ зи пешу дил зи пас, воқиаест мушкилам.

Маърифати қадимро буъд ҳиҷоб кай шавад?
Гарчи ба шахс ғоибӣ, дар назарӣ муқобилам.

Охири қасди ман туӣ, ғояти ҷаҳду орзу,
То нарасам, зи доманат дасти умед нагсилам.

Зикри ту аз забони ман, фикри ту аз ҷанони1 ман
Чун биравад, ки рафтаӣ дар рагу дар мафосилам?!

Муштағили туам чунон, к-аз ҳама чиз ғоибам,
Муфтакири2 туам чунон, к-аз ҳама халқ ғофилам.

Гар назаре кунӣ, кунад киштаи сабри ман варақ,
В-ар накунӣ, чӣ бар диҳад бехи умеди ботилам?

Суннати ишқ, Саъдиё, тарк намедиҳӣ, бале,
Кай зи дилам бадар равад хӯи сиришта дар гилам?

Доруи дарди шавқро бо ҳама илм оҷизам,
Чораи кори ишқро бо ҳама ақл ҷоҳилам.


1 Замир.
2 Фикркунанда, андешакунанда.