Санамо, бо ғами ишқи ту чӣ тадбир кунам?

347

Санамо, бо ғами ишқи ту чӣ тадбир кунам?
То ба кай дар ғами ту нолаи шабгир кунам?

Дили девона аз он шуд, ки насиҳат шунавад,
Магараш ҳам зи сари зулфи ту занҷир кунам.

Он чи дар муддати ҳаҷри ту кашидам, ҳайҳот,
Дар яке нома муҳол аст, ки таҳрир кунам.

Бо сари зулфи ту маҷмӯи парешонии худ
Ку маҷоле, ки саросар ҳама тақрир кунам?

Он замон, к-орзуи дидани ҷонам бошад,
Дар назар нақши рухи хуби ту тасвир кунам.

Гар бидонам, ки висоли ту бад-ин даст диҳад,
Дилу динро ҳама дарбозаму тавфир кунам.

Дур шав аз барам, эй воизу беҳуда магӯй,
Ман на онам, ки дигар гӯш ба тазвир кунам.

Нест уммеди салоҳе зи фасоди Ҳофиз,
Чунки тақдир чунин аст, чӣ тадбир кунам?