Аз дӯст ба ҳар чиз чаро боядат озард

Аз дӯст ба ҳар чиз чаро боядат озард,
К-ин айш чунин бошад — гаҳ шодию гаҳ дард!

Гар хор кунад меҳтар, хорӣ накунад айб,
Чун боз навозад, шавад он доғи ҷафо сард.

Сад нек ба як бад натавон кард фаромӯш,
Гар хор барандешӣ, хурмо натавон х(в)ард.

Ӯ хашм ҳамегирад, ту узр ҳамехоҳ,
Ҳар рӯз ба нав ёри дигар менатавон кард!