Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро
Ту Рӯдакӣ ба ғуломӣ қабул агар бикунӣ,
Ба бандагӣ написандад ҳазор Дороро!
Дар ин саҳифаи сомонаи «Гуфтор» ғазалҳо, қасидаҳо ва қитъаҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қарор гирифтаанд.
Ту Рӯдакӣ ба ғуломӣ қабул агар бикунӣ,
Ба бандагӣ написандад ҳазор Дороро!
Пӯпак дидам ба ҳаволий Сарахс,
Бонгак барбурда бар абр-андаро.
Чодараке дидам рангин бар ӯ…
Ҷаҳоно, чунинӣ ту бо баччагон,
Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро!
На позер бояд туро, на сутун…
Кас фиристод ба сир-андар Айёр маро,
Ки макун ёд ба шеър-андар бисёр маро.
В-ин фажаҳ пир зи баҳри ту маро хор гирифт…
Ба номи неки ту, хоҷа, фирефта нашавам,
Ки номи неки ту дом асту зарқ мар нонро.
Касе, ки дом кунад номи нек аз пайи нон…
Агарчи хомуш мардум, ки шеър бояд гуфт,
Забони ман ба равӣ гардад офарини туро!
То андар он миёна, ки бинанд рӯйи ӯ,
Ту низ дар миёнаи эшон нишиниё!
Ҳар киро рафт, ҳамебояд рафта шумарӣ,
Ҳар киро мурд, ҳамебояд мурда шумаро!
Дидӣ ту рижу ком бад-ӯ — андарун басе,
Бо ридакони мутриб будӣ ба фарру зеб.
Ба хирасар шумарад серхурда гурснаро,
Чунон ки дарди касон бар дигар касе хор аст.
Чу пусти рӯбаҳ бинӣ ба хони вотгарон…
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт!
Май ҳасту дирам ҳасту бути лоларухон ҳаст,
Ғам нест в-агар ҳаст, насиби дили аъдост!
Он саҳни чаман, ки аз дами дай
Гуфтӣ дами гург ё паланг аст,
Акнун зи баҳори монавитабъ…
Замона гуфт маро: — Хашми хеш дор нигоҳ,
Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст!
Охири ҳар кас аз ду берун нест:
Ё барозурданист, ё заданист.
На ба охир ҳама бифарсояд…
Бо хирадуманд бевафо бувад ин бахт,
Хештани хешро бикӯш ту як лахт.
Худ хуру худ деҳ, куҷо набуд пушаймон…
Меҳр мафкан бар ин саройи сипанҷ,
К-ин ҷаҳон пок бозию найранҷ.
Неки ӯро фасонаворӣ шав…
Пешам омад бимдод он дилбар аз роҳи кадӯх
Бо ду рух аз шарм лаълу бо ду чашм аз сеҳр шӯх.
Остин бигрифтамаш, гуфтам, ки меҳмони ман ой…
Маро бисуду фурӯ рехт, ҳар чи дандон буд,
Набуд дандон, ло бал чароғи тобон буд.
Сапеду симрада буду дурру марҷон буд…
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад
Тани дурусту хуйи неку номи неку хирад.
Ҳар он ки Эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард…
Ӯ хашм ҳамегирад, ту узр ҳамехоҳ,
Ҳар рӯз ба нав ёри дигар менатавон кард!
Гул дигар раҳ ба гулситон омад,
Вораи боғу бӯстон омад.
Вори озар гузашту шуълаи он…
Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо,
Рустами Дастон туӣ андар набард.
Не, ки Ҳотам нест бо ҷуди ту род…
Зулфи туро «ҷим» кӣ кард, он ки ӯ
Холи туро нуқтаи он «ҷим» кард?
В-он даҳани танги ту, гӯйӣ, касе…
Маро ту роҳати ҷонӣ, муъояна, на хабар,
Киро муъояна ояд, хабар чӣ суд кунад?!
Сипар бе пеш кашидам ханданги қаҳри туро…
Ай рӯйи ту чу рӯзи далели муваҳҳидон
В-ай мӯйи ту чунон чу шаби мулҳид аз лаҳад.
Ай ман муқаддам аз ҳама ушшоқ, чун туӣ…
Маккӣ ба Каъба фахр кунад, мисриён ба Нил,
Тарсо ба усқуфу алавӣ б-ифтихори ҷад.
Фахри раҳӣ бад-он ду сияҳчашмакони туст…
То кай гӯйӣ, ки аҳли гетӣ
Дар ҳастию нестӣ лаиманд?!
Чун ту тамаъ аз ҷаҳон буридӣ…
Ҳар кӣ сар аз панди шаҳрёр бипечид,
Пойи тарабро ба доми гурм дарафканд.
Бахокхуфтаи тири ту аз ҳаловати захм
Забон баровараду захмро даҳон лесад.
Агарчи умр басе буд, рӯзгор набуд,
Чунон ки буд, ба ночор хештан бахшуд.
Худойро биситудам, ки Кирдгори ман аст…
Биёву ҳон, бидеҳ он офтоб, к-аш бихурӣ,
Зи лаб фурӯ шаваду аз рухон барояд зуд.
Худои арш ҷаҳонро чунин ниҳод ниҳод,
Ки гоҳ мардум шодону гаҳ бувад ношод.
Дарё ду чашму оташ бар дил ҳамефизояд,
Мардум миёни дарё, оташ чӣ гуна пояд?!
Бешак наҳанг дорад, дилро ҳамехасояд…
Анде, ки амири мо бозояд пирӯз,
Марг аз паси дидан-ш раво бошаду шояд.
Пиндошт ҳаме ҳосид, к-ӯ бознаёяд…
Низ або некувон ҷанг намояд-т фанд,
Лашкари фарёд не, хоста не судманд.
Қанд ҷудо кун аз ӯй, дур шав аз заҳри данд…
Чун баччаи кабӯтар минқор сахт кард,
Ҳамвор кард парру биявганд мӯйи зард.
Кобукро нахоҳаду шох орзу кунад…
Дареғи мидҳати чун дурру обдор ғазал,
Ки чобукиш наёяд ҳаме ба лафз падид.
Асоси табъ санояст, бал қавитар аз он…
Кадом наҳс баромад, ки-м аз ту ғоиб кард,
Кадом боди бало буд, к-аз туам бирбуд.
Якем хилъат пӯшид доғи фурқати ту…
Эзид ҳаргиз даре набандад бар ту,
То сад дигар ба беҳтаре накушояд!
Бо ҳар кӣ сухан гӯям, агар хоҳаму гар не,
Аввалсуханам номи ту андар даҳан ояд.
Дарвозу даривоз фурӯ гашту баромад,
Бим аст, ки якбор фурӯ ояд девор.
Девори куҳангашта напардозад позер…
Агар гул орад бор он рухони ӯ, на шигифт,
Ҳар ойина чу ҳама май хурад, гул орад бор.
Ба зулф кажж, валекин ба қадду қомат рост…
Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сонӣ,
Насиби ман шавад дар васл он пероҳани дигар.
Ба даври адли ту дар зери чархи миноӣ
Чунон гурехт зи даҳри дуранг ранги футур,
Ки боз шона кунад ҳамчу бод сунбулро…
Чокаронат ба гаҳи разм чу хайётонанд,
Гарчи хайёт наянд, ай малики кишваргир!
Ба гази найза қади хасми ту мепаймоянд…
Гар шавад баҳри кафи ҳаммати ту мавҷзанон
В-ар шавад абри сари рояти ту тӯфонбор,
Бар маволит бипошад ҳама дурру гавҳар…
Чархи фалак ҳаргиз пайдо накард
Чун ту яке сифлаи дуну жакур.
Хоҷа Абулқосим аз нанги ту…
Гирд кун, гирд кун дирам бисёр,
Ганҷхона бино кун аз динор.
Хост аз ҷони ту фиғону хурӯш…
Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд?
Дил ба Бухорову бутони Тароз.
Эзади мо васвасаи ошиқӣ…
Ҳамебароям бо он, ки барнаёяд халқ
Ва барнаёям бо рӯзгори хурдакурез,
Чу фазли мир Абулфазл бар ҳама маликон…
Туӣ, ки ҷавру бахилӣ ба ту гирифт нишеб,
Чунонки доду саховат ба ту гирифт фароз.
Чун сипарам неҳ миёни базм ба Наврӯз,
Дар маҳи Баҳман битозу ҷони адӯ сӯз!
Боз ту беранҷ бошу ҷони ту хуррам…
Гар на бадбахтаме, маро кӣ фиканд
Ба яке ҷоф-ҷофи зудғарас?
Ӯ маро пеши шер бипсандад…
Корвони Шаҳид рафт аз пеш
В-они мо рафта гиру меандеш:
Аз шумори ду чашм як тан кам…
Раҳӣ савору ҷавону тавонгар аз раҳи дур
Ба хидмат омад некӯсиголу некандеш.
Писанд бошад мар хоҷаро пас аз даҳ сол…
Басо, ки маст дар ин хона будаму шодон,
Чунон-к ҷоҳи ман афзун буд аз амиру мулук.
Кунун ҳамонаму хона ҳамону шаҳр ҳамон…
З-он май, ки гар сиришке аз он дарчакад ба Нил,
Сад сол маст бошад аз бӯйи ӯ наҳанг.
Оҳу ба дашт агар бихурад қатрае аз он…
Майи лаъл пеш ору пеши ман ой,
Ба як даст ҷому ба як даст чанг!
Аз он май маро деҳ, ки аз акси ӯ…
Касон, ки талхии заҳри талаб намедонанд,
Туруш шаванду битобанд рӯ зи аҳли суол.
Туро, ки мешунавӣ, тоқати шунидан нест…
Ба шеъри шукр нигаҳ кун, ки Рӯдакӣ гуфта-ст:
— «Ҳама касеро дарвешӣ асту ранҷи иёл.
Ғаму аност маро, — гуфт, — з-ин зиёъу иқор…».
Ҳама ҷамоли ту бинам, чу дида боз кунам,
Ҳама танам дил гардад, ки бо ту роз кунам.
Ҳаром дорам бо дигарон сухан гуфтан…
Ҳало, Рӯдакӣ, аз кас андарматоб,
Бикун, ҳар чи карданист бо мудом.
Ки фарғул барнадорад он рӯз…
Маро дилест, ки аз ғамгинӣ чу дур шавад,
Ба ғамгинон шаваду ғам фароз гирад вом.
Хирад дар баҳо нақди ҳастӣ фиристад,
Гуҳарҳои рангин чу зояд зи конам.
Бад нохурем бода, ки мастонем
В-аз дасти некувон май бистонем.
Девонагони беҳушамон хонанд…
Ман на онам, ки пеш аз ин будам,
Тозагӣ доштам, бипажмурдам.
Дилам аз ҳар сухан биёзорад…
Бийё, дилу ҷонро ба Худованд супорем,
Андӯҳи дирамму ғами динор надорем.
Ҷонро зи пайи дину диёнат бифурӯшем…
Модари майро бикард бояд қурбон,
Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон..
Зайғамӣ, насл пазируфта зи дев,
Оҳуӣ, ном ниҳода якрон.
Офтобӣ, ки зи чобукқадамӣ…
Кофур ҳамчу тал чакад аз дӯши шохсор,
Зайбақ чу об барҷаҳад аз нофи обдон.
Шоҳӣ, ки ба рӯзи разм аз родӣ
Заррин ниҳад ӯ ба тир-дар пайкон,
То куштаи ӯ аз он кафан созад…
Хоҳӣ, то марг наёбад туро,
Хоҳӣ, к-аз марг биёбӣ амон,
Зери замин хезу ниҳуфте биҷӯй…
Ҳаст бар хоҷа пехта рафтан,
Рост чун бар дарахт печад сан.
Ин аҷабтар, ки менадонад ӯ…
Гунги фасеҳ аст, гӯш нею суханёб,
Ланги раванда-ст чашм нею ҷаҳонбин.
Тезии шамшер дораду равиши мор…
Ёд кун, зерат андарун таншӯй,
Ту бар ӯ хор хобанида ситон.
Ҷаъдмӯён-т ҷаъд канда ҳаме…
Ай Маҷ, кунун ту шеъри ман аз бар куну бихон,
Аз ману дилу сиголиш, аз ту тану равон.
Гӯрӣ кунему бода хурему бувем шод…
Халлухиён хоҳию ҷаммошчашм,
Гирдсурин хоҳию борикмиён.
Кашкин нонат накунад орзуй…
Ҷумла сайди ин ҷаҳонем, ай писар,
Мо чу саъва, марг бар сони заған.
Ҳар гуле пажмурда гардад з-ӯ на дер…
Чӣ чиз аст он раванда тираки хурд?!
Чӣ чиз аст он палолактеғи буррон?!
Яке андар даҳони Ҳақ забон аст…
Касе, ки огаҳӣ аз завқи ишқи ҷонон ёфт,
Зи хеш, ҳайф бувад, гар даме бувад огоҳ.
Ман мӯйи хешро на аз он мекунам сиёҳ,
То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ.
Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд…
Замоне барқ пурханда, замоне раъд пурнола
Чунон чун модар аз сӯги арӯси сездаҳсола.
Ва гашта з-ин паранди сабз шохи беди бунсола…
Рафиқо, чанд гӯйӣ: — Ку нишотат?!
Бинагрезад кас аз гарм офрӯша.
Маро имрӯз тавба суд дорад…
Зиҳ, доноро гӯянд, ки донад гуфт,
Ҳеч нодонро донанда нагӯяд: — Зиҳ!
Сухани ширин аз зуфт наёрад бар…
Ба соат-андар монанди коҳ гардад кӯҳ,
Ба лаҳза-андар монанди кӯҳ гардад коҳ.
Гули баҳорӣ, бути таторӣ,
Набид дорӣ, чаро наёрӣ?!
Набиди равшан чу абри баҳман…
Он чист, бар он табақ ҳаметобад
Чун мулҳам зери шаъри уннобӣ?!
Соқаш ба масал чу соъиди ҳуро…
Ой, дареғо, ки хирадмандро
Бошад фарзанду хирадманд не!
В-арчи адаб дораду дониш падар…
Бибурда наргиси ту оби ҷодуи Бобил,
Кушода ғунчаи ту боби муъҷизи Мӯсо!
Чамани ақлро хазонӣ агар,
Гулшани ишқро баҳор туӣ!
Ишқро гар паямбарӣ, лекин…
Сапедбарф баромад ба кӯҳсори сиёҳ
Ва чун дарун шуд он сарви бӯстонорой.
Ва он куҷо бигуворид, ногувор шуда-ст…
Нахостам зи таманно, магар ки дастурӣ,
Наёфтам зи атоҳо, магар пушаймонӣ!
Агар ин май ба абр-андар ба чанголи уқоб астӣ,
Аз он то нокасон ҳаргиз нахурдандӣ, савоб астӣ!
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ…
Сухан овардаму шамшеру қалам наврӯзӣ,
То ба дастат бувадо мояи ҳар пирӯзӣ.
Ба сухан ме ба забон бошу ба шамшер бирез…
Садри ҷаҳон, ҷаҳон ҳама торикшаб шуда-ст,
Аз баҳри мо сапедаи содиқ ҳамедамӣ!
Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ,
Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ.
Сифла табъи мор дорад, бехилоф…
Касеро чу ман дӯстгон ме чӣ бояд,
Ки дил шод дорад ба ҳар дӯстгонӣ?
На ҷуз айб чизест, к-он ту надорӣ…
То сабрро набошад ширинии шакар,
То бедро набошад бӯйе чу дорбӯй…
Ай ғофил аз шумор, чӣ пиндорӣ,
К-ат холиқ офарид ба ҳар коре?!
Умре, ки мар турост сармоя…
Ҷаъд ҳамчун наварди об ба бод
Гӯйиё ончунон шикастастӣ.
Мёнакаш нозукак чу шонаи мӯ…
Меҳтар нашавад, гарчи қавӣ гардад кеҳтар,
Гоҳӣ нашавад, гарчи ҳунар дорад чоҳӣ!
Онон, ки гирифтор шуданд аз сипаҳи ту,
Аз банд ба шамшери ту ёбанд раҳоӣ!
Ҳар-ч ба алфози халқ мидҳат рафта-ст,
Ё биравад то ба рӯзи ҳашр, ту онӣ!