Он ки намонад ба ҳеч халқ, Худой аст

Он ки намонад ба ҳеч халқ, Худой аст,
Ту на Худоӣ, ба ҳеч халқ намонӣ!

Рӯз шуданро нишон диҳанд ба Хуршед,
Боз мар ӯро ба ту диҳанд нишонӣ.

Ҳар-ч ба алфози халқ мидҳат рафта-ст,
Ё биравад то ба рӯзи ҳашр, ту онӣ!