Беқимат аст шаккар аз он ду лабони ӯй

Беқимат аст шаккар аз он ду лабони ӯй,
Косид шуд аз ду зулфаш бозори шоҳбӯй…

Ин иғдасарӣ ба чӣ кор ояд, ай фато?
Дар боби дониш ин сухани беҳуда магӯй!…

То сабрро набошад ширинии шакар,
То бедро набошад бӯйе чу дорбӯй…